Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳои артиши Ироқӣ


Ироқ гуфт, ки омодагиҳо барои таҳти назорати амниятӣ даровардани дигар вилояти ҷанубии ин кишвар дар моҳи июл, ки феълан таҳти назари нирӯҳои амрикойӣ мебошад, ҷараён дорад. Генерал-майор Муҳаммад Ал-Аскарӣ, сухангӯи вазорати дифои Ироқ гуфт, ки Ал-Қадисия вилояти 10-ум аз 18 манотиқи ироқӣ хоҳад буд, ки базудӣ таҳти контроли артиши миллии Ироқ медарояд. Ин минтақа имсол нисбатан ором буд ва аммо то ҳол низомиёни амрикоӣ аз изҳори назари худ дар ин замина худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG