Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Исломобод ба изҳороти Карзай


Исломобод ба изҳороти раисиҷумҳури Афғонистон дар бораи имкони амалиёти низомӣ алайҳи Толибон дар қаламрави Покистон вокуниши шадид нишон дод. Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон изҳор кард, ки "кишвараш ба умури дигар кишварҳо дахолат намекунад ва ин гуна дахолат ба умури худро таҳаммул нахоҳад кард".

Қаблан Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон изҳор кард, ки омода аст ба артиши кишвар барои убур аз марзи Покистон ва шурӯъи амалиёт алайҳи Толибон дар қаламрави кишвари ҳамсоя фармон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳақ дорад, ки худро аз ҳамлаҳои Толибон аз қаламрави Покистон дифоъ кунад.

Карзай ба раҳбарони Толибон дар Покистон ҳушдор дод, ки артиши Афғонистон онҳоро дар ҳама ҷо таъқид хоҳанд кард.

Раҳбари Афғонистон чандин бор аз кишвари ҳамсоя даъват карда буд, ки бо мусаллаҳони Толибон дар қаламрави Покистон фаъолтар мубориза барад. Кобул ҳамчунин нигаронии худ аз музокироти ахири мақомоти Покистон бо Толибонро иброз карда буд.

XS
SM
MD
LG