Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Татбиқи Сарқонуни Косово шурӯъ шуд


Фатмир Сеҷдиу, раисиҷумҳури Косово имрӯз аз шурӯъи татбиқи Қонуни асосии кишвар хабар дод. Дар як маросим дар Приштина ӯ гуфт, ки "бо шурӯъи иҷрои нуктаҳои Сарқонун раванди бунёди давлати Косово поён меёбад". Дар ин маросим намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо Питер Феит ширкат дошт.

Тибқи Қонуни асосӣ, идораи Косово аз ин ба баъд аз ихтиёри маъмурияти муваққатии Созмони Милали Муттаҳид берун ва ба мақомоти маҳаллӣ вогузор мешавад. Ва аммо назорат аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва системи додгоҳӣ чун пештара аз сӯи маъмурияти СММ ва дар оянда, шояд дар ҳамдастӣ бо ҳайати Иттиҳодияи Аврупо сурат мегирад.

Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербистон шурӯъи татбиқи нуктаҳои Қонуни асосии Косоворо “гоми ғайриқонуние” номид, ки ба гуфтаи ӯ, “паёмадҳои хатарбор хоҳад дошт”.

XS
SM
MD
LG