Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 55 нафар бар асари обхезӣ дар Чин


Обхезӣ дар ҷануби Чин мунҷар ба ҳалокати дасти кам 55 нафар гардид. Бар асари боришоти муттасили рӯзҳои ахир оби рудхонаҳо аз соҳилҳо берун шудаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, беш аз як миллион сокинони нӯҳ вилояти кишвар манзилҳояшонро тарк кардаанд.

Офати табиӣ ба вилояти Сичуан, ки он ҷо бар асари заминларзаи шадиди ахир тақрибан 70 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, низ хисорот зиёд ворид кардааст.

Мақомоти Чин мегӯянд, ки рӯзҳои наздик ба сокинони вилоятҳои Цзянси, Гуанси ва Гуандун хатари обхезӣ таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG