Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагиҳо ба амалиёти густарда дар Омара


Дар шаҳри Омара, воқеъ дар ҷанубу шарқи Ироқ нерӯҳои ҳукуматӣ ва полис ба амалиёти густарда алайҳи ошубгарони шиамазҳаб омодагӣ мегиранд. Тибқи хабарҳо, дар канори шаҳр теъдоди бузурги зиреҳпӯшҳо ва танкҳо мушоҳида мешавад. Ин амалиёт – як бахши тарҳи ҳукумат барои халъи силоҳи гурӯҳҳои бунёдгарост. Рӯзи шанбе Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ ба ин гурӯҳҳо чаҳор рӯз мӯҳлат дод, то ки силоҳ ба замин гузоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG