Пайвандҳои дастрасӣ

Сарқонуни Косово қувваи қонунӣ гирифт


Раисҷумҳури Косово Фатмир Сейдиу (аз рост) ва нахуствазири кишвар Ҳошим Тачӣ

Раисҷумҳури Косово Фатмир Сейдиу (аз рост) ва нахуствазири кишвар Ҳошим Тачӣ

15-уми июн, пас аз чор моҳи эълони истиқлолияти Косово, сарқонуни ин кишвари навтаъсис ба ба ҳукми иҷро даромад.

Қонуни асосии ин кишвари навтаъсис ҳанӯз 9-уми апрели соли ҷорӣ аз тарафи порлумони он якдилона қабул шуда буд.

Тибқи сарқонуни Косово, аз ин ба баъд идораи ин кишварро, ки аз соли 1999 инҷониб бар уҳдаи раёсати муваққатии Созмони Милали Муттаҳид буд, ҳукумати маҳаллии аксаран иборат аз албанитаборон бар душ хоҳад гирифт.

Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки то муддате бархе аз вазифаҳои идорӣ дар бахши ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳии Косоворо иҷро кунад.

Аммо равшан нест, ки якчанд ноҳияи шимолии сербнишини Косово аз сӯи ки идора хоҳад шуд. Сербтаборони Косово истиқлолияти ин кишварро то ҳол қабул надоранд.

Косово чор моҳ қабл бо ҷонибдории аксари кишварҳои Ғарб истиқлолияти худ аз Сербияро эълон карда буд. То ба имрӯз беш аз 40 кишвари узви СММ истиқлолияти Косоворо пазируфтаанд.

XS
SM
MD
LG