Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон бо Чингиз Айтматов видоъ кард


Имрӯз даҳҳо ҳазор нафар дар Бишкек бо адиби маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов видоъ карданд. Нависандаи оламшумул рӯзи сешанбе дар синни 79-солагӣ дар як бемористони Олмон аз дунё даргузашт. Маросими видоъ бо Айтматов дар майдони марказии Бишкек баргузор шуд. Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон зимни суханронӣ даргузашти Айтматовро "талафоти бузург барои мардуми олам" арзёбӣ кард.
Муаллифи қиссаву романҳои машҳури “Ҷамила”, “Устоди нахустин”, “Сафинаи сафед”, “Рӯзи тулонитар аз қарн” ва даҳҳо асарҳои ҷолиби дигар дар оромгоҳи Ота Байит, воқеъ дар канори шаҳри Бишкек дар паҳлӯи падараш макони охират пайдо кард. Имрӯз дар Қирғизистон рӯзи мотам эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG