Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳо барои таъмини амнияти худ омода нестанд


Нерӯҳои амниятии Ироқ 9 вилоят, яъне нисфи вилоёти кишварро таҳти назорат доранд ва аммо ҳанӯз барои таъмини мустақилонаи амнияти Ироқ омода нестанд. Ба ин нукта вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зебарӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард.

Охири соли равон мандати СММ барои ҳузури нерӯҳои байнулмилалӣ дар Ироқ поён меёбад. Вошингтон бо Бағдод дар мавриди имзои созишномаи нав дар бахши амниятӣ музокирот мекунад. Ин санад бояд ҳузури минбаъдаи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқро қонунӣ гардонад. Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ дирӯз гуфт, ки дар ин музокирот ҳанӯз пешрафте нест, зеро ба ақидаи ӯ, “талабҳои Иёлоти Муттаҳида истиқлоли Ироқро поймол мекунанд”.

XS
SM
MD
LG