Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зиндони Қандаҳор Толибон ҳамла кардаанд


Толибон масъулияти ҳамла ба зиндони Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистонро бар дӯш гирифтанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, бегаҳи ҷумъа як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар назди дарвозаи зиндон мунфаҷир кард. Сипас толибон сӯи зиндон аз гранатомётҳо тир андохтанд. Гуфта мешавад, ки бар асари ҳамла дасти кам 15 муҳофизи зиндон ба ҳалокат расида беш аз ҳазор тан аз маҳбусон фирор кардаанд. Раиси Шӯрои вилояти Қандаҳор Аҳмад Валӣ Карзай ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “теъдоди дақиқи фироркардагонро касе намедонад ва аммо, тибқи арзёбиҳо, дар зиндон тақрибан 390 толиб ва аз 600 то 700 тан ҷинояткорон нигаҳ дошта мешуданд". Карзай афзудааст, ки фақат 200 тан аз бандиён дар зиндон боқӣ мондаанд ва дигарҳо фирор карданд.
XS
SM
MD
LG