Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми хатарзои Тошканд алайҳи Озодӣ


Охирин рӯзи кори дафтари Озодӣ дар Тошканд дар 14 декабри соли 2005, пеш аз баста шуданаш аз тарафи мақомоти Узбакистон.
Охирин рӯзи кори дафтари Озодӣ дар Тошканд дар 14 декабри соли 2005, пеш аз баста шуданаш аз тарафи мақомоти Узбакистон.

Фаъолони ҳуқуқи башар пахши барномаи вижа дар бораи радиои Озодӣ тавассути телевизиони давлатии Узбакистонро танқид мекунанд.

Онҳо мегӯянд, ин барномаи яксоата ҳомили бадтарин намунаи таҳдидҳо алайҳи хабарнигорони Радиои Озодӣ буд.

Ин барнома, ки дар ҳафтаи равон нашр шуд, бахши узбакии Радиои Озодиро ба боди шадиди интиқод кашида, хабарнигорони онро нафақат дар нақзи ахлоқи журналистӣ, балки дар пешбурди фаъолиятҳои зиддидавлатӣ низ айбдор мекард. Кор ҳатто ба ҷое кашид, ки дар ин барномаи телевизионӣ маълумоти хусусии марбут ба журналистони бахши узбакии Радиои Озодӣ ва пайвандони онҳо, аз ҷумла нишонӣ, шумораи шиноснома ва макони ҷойи кори онҳоро ифшо карданд.

Аксари хабарнигорони Озодлик, бахши узбакии радиои Озодӣ, дар пайи баста шудани дафтари радио дар Узбакистон дар Прага кору зиндагӣ мекунанд, вале хешовандони онҳо дар Узбакистон ба сар мебаранд.

Эндрю Строҳлейн аз Гурӯҳи байналмилалии омӯзиши бӯҳронҳо пахши чунин барномаро хеле нигаронкунанда номид ва гуфт, шабакаҳои телевзионие, ки ин барномаро нашр карданд, ғолибан бо хадамоти амниятӣ иртибот доранд.

Президенти Радиои Озодӣ Ҷефрӣ Гедмин низ гуфтааст, ки “ҳадафи ин барнома мустақиман ва огоҳона зери хатар гузоштани хабарнигорони мост.”


Ҷефрӣ Гедмин гуфтааст, ин шева хоси режимҳои ғайриқонунист, на як давлати мӯътабар.

Дар ҳафтаи равон мақомоти Узбакистон Солеҳҷон Абдураҳмонов, фаъоли ҳуқуқи башар ва хабарнигори собиқи Радиои Озодиро боздошт карда буданд. Дар моҳи май дар Узбакистон як хабарнигори дигари собиқи Радиои Озодӣ Носир Зокиров дастгир шуда буд.

XS
SM
MD
LG