Пайвандҳои дастрасӣ

Солана: Бастаи нави пешниҳодҳо ба Эрон пешкаш мешавад


Ховиер Солана-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо гуфт, вай дар ҷараёни боздидаш аз Теҳрон бастаи пешниҳодҳоро ба аъзои музокироти ҳастаии Эрон муъаррифӣ хоҳад кард. Вай қабл аз парвозаш ба Теҳрон дар ин бора аз номи Иттиҳодияи Аврупо, Чин, Фаронса, Олмон, Русия, Амрико ва Бритониё суҳбат мекард. Бастаи пешниҳодҳои нав ҳамкориҳои созандаи Эрон бо маҳофили бйналмиллалӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиашро дар назар дорад.
XS
SM
MD
LG