Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарурати ислоҳоти низоми интиқоли хун


Барои ҷилавгирӣ аз тавсиъаи HIV/AIDS (СПИД) ва дигар бемориҳои гузаранда дар Осиёи марказӣ тағйири низоми интиқоли хун зарур аст.

Дар як гузорише, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба табъ расондааст, таъкид мешавад, ки транфузия, яъне тазриқ ва ё интиқоли хатарноки хун дар муассисаҳои тиббии Осиёи марказӣ боиси тавсиъаи бемориҳои гузаранда, аз ҷумла HIV/AIDS, гардидааст ва, агар чорчӯби ҷамъ, ҳифз ва интиқоли хун дар ин минтақа ислоҳ нашавад, сирояти бемориҳо идома меёбад.
Муаллифони гузориши " Хидмати хунгузаронӣ дар Осиёи марказӣ: таҳдиди возеҳ ва воқеии тавсиъаи HIV/AIDSва дигар бемориҳои гузаранда" бар ин назаранд, ки низоми тазриқи хун дар Осиёи марказӣ ба ислоҳоти фаврӣ эҳтиёҷ дорад, зеро ба меъёрҳои амниятӣ ҷавобгӯ нест.
Гузориши мазкур дар арафаи Рӯзи байнулмилалии донор – 14-уми июн – ба табъ расидааст. Дар он тахмин мешавад, ки феълан дар саросари олам аз 33 то 36 миллион нафар мубталои вируси HIV, сарчашмаи бемории СПИД мебошанд ва эҳтимол аз 5 то 10%-и онҳо дар ҷараёни тазриқ аз хуни афроди олуда гирифтор шудаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2006-ум дар рафти хунгузаронӣ дар бемористонҳои Осёи марказӣ садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон, бо ангезаи ин мараз олуда шудаанд. Ҳамин тавр, аз 149 кӯдаке дар Қазоқистон бо ин ангеза олуда шуда буданд, то имрӯз 10 нафарашон ба ҳалокат расиданд.
Дар гузориш инчунин таъкид гардидааст, ки дар Қирғизистон ҳини хунгузароӣ ҳадди ақалл 69 кӯдак олудаи HIV шудаанд ва ин гуна ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ҳам ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳангоми таҳияи гузориш хуни аз тарафи 7500 донор тақдимшуда мавриди таҳқиқи дубора қарор гирифт ва исбот гардид, ки чандин ҳодисаи гирифтории донорҳо бо HIV, ҳепатити В ва С ва ҳамчунон сифилис аз назари марказҳои хунгузаронӣ дур мондааст.
Бо ишора ба ин кашфиёт, Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи марказӣ машварат додааст, ки ҳар дафъа қабл аз гирифтани хуни донор бояд он аз таҳқиқи муфассал гузаронида шавад.
Соли 2006-ум зуҳури ангезаи HIV дар хуни даҳҳо кӯдаки поин аз 5-сола табибони Қазоқистонро нигарон кард. Тафтиши ҳодиса ошкор кард, ки онҳо аксаран аз бемористонҳои вилояти Шимкент хун гирифтаанд.
Ёрбулот Досаев, ки он замон вазифаи вазири беҳдошти Қазоқистонро бар дӯш дошт, моҳи сентябри соли 2006-ум ҳодисаро ин тавр шаҳр дод: "Дар як бемористони кӯдакона 150 кати беморон ҳасту ҳамагӣ 13 катетер ё худ ҷиҳози хунгузаронӣ. Онҳо ин катетерҳоро бидуни поксозӣ истифода мебаранд. Агар ман масъули бемористон мебудам, баъди кашфи аввалин ҳодисаи сиротяи ангеза маъмурияти онро аз вазифаи барканор мекардам".
Мақомоти Қазоқистон он вақт Ё. Досаевро аз мансаб барканор ва як идда мансабдорони бемористонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданд. Барои ҷилавгирӣ аз такрори ингуна ҳодиса президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев фармон дод, ки дар ин кишвар ислоҳоти фарогири низоми хунгузаронӣ роҳандозӣ шавад.
Соли 2007-ум сирояти кӯдакон бо ангезаи 06131 HIV дар вилояти Ӯши ин ҷумҳурӣ ҷой дошт. Мансабдорони ин виялоти Қирғизистон мегӯянд, эҳтимол 69 кӯдак ва як идда модарони онҳо аснои хунгазаронӣ мубталои HIV шудаанд. Ҳоло амалкарди 14 ходими соҳаи беҳдошти Қирғизистон низ мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Бонки ҷаҳонӣ дар поёни гузориш тазаккур медиҳад, ки ҳамин авохир иттилоъи зиёд дар бораи низоми хунгузаронии кишварҳои Осиёи марказӣ ва саҳми он дар сирояти бемориҳои мусир дастрас набуд, вале ҳамзамон ҷамъи маълумот ва татбиқи исолоҳот дар ин бахш амнияти беморону мардуми ниёзманди хунгузаронӣ беҳбуд хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG