Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади шаҳрванди Афғонистон дар соҳили Панҷ ёфт шуд


Хабаргузории "Помир Медиа" иттилоъ додааст, ки дар соҳили рости рудхонаи Панҷ дар қаламрави Тоҷикистон ҷасади як шаҳрванди Афғонистон пайдо шудааст. Дар ин бора додситонии вилояти Бадахшон хабар додааст. Ин манбаъ гуфтааст, мақомоти тафтишотӣ бо ҳамкорони афғони худ тамос гирифтаанд ва дар натиҷаи расидагӣ маълум шудааст, ки ин шаҳрванд Акрам валади Меҳтаршо ном доштааст ва сокини деҳи Чавгонбози вулусволии Шуғнони Афғонистон будааст. Вай аз зарби тир даргузаштааст. Ҷасадро ба Афғонистон баргардонидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG