Пайвандҳои дастрасӣ

Хоҷа Сартез ва Балҷувон дубора барқарор мешаванд


Тоҷикистон бо ширкати амрикоии «Тетис петролиюм Лимитед» созишномаеро ҷиҳати истихроҷ ва полоиши манобеъи нафту газ ба имзо расонид.

Шералӣ Гулов вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси ин созишнома ширкати амрикоии «Тетис петролиюм Лимитед», дар навбати аввал конҳои нафту гази Хоҷа Сартез ва Балҷувонро барқарор карда, корҳои иктишофии геолоҷӣ ва кушоиши конҳои нави нафту газро дар минтақаи ҷануби кишвар ба роҳ мемонад. Оқои Гулов ин созишномаро барои рушди соҳаи нафту газ дастоварди муҳими Тоҷикистон арзёбӣ карда, гуфт, ин барои истихроҷи захоири нафту гази Тоҷикистон дар оянда замина мегузорад. Вай афзуд, захоири нафту гази Тоҷикистон дар чуқурии то 6 ҳазор метр вуҷуд дорад ва ин кишвар имкон надорад бидуни сармоягузории хориҷӣ онҳоро мавриди коркард қарор диҳад.

Ширкати «Тетис петролиюм Лимитед» барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 25 миллион доллар ихтисос додааст. Аммо дар марҳилаи аввал бар асоси тавофуқоти ҳосилшуда, ширкати «Кулоб петролеум Лимитед», ки ширкати тобеи «Тетис петролиум Лимитед» мебошад, ба маблағи 800 ҳазор доллари амрикоӣ корҳои истироҷу иктишофи нафту газро анҷом медиҳад.

Девид Робсон, раиси ширкати байнулмиллалии нафтугази «Тетис петролиум Лимитед» гуфт, тибқи созишнома дар сурати истеҳсоли нафту газ 70 дарсади он аз ин ширкат ва 30 дарсади он моли Тоҷикистон хоҳад шуд. Оқои Робсон афзуд, чунин тақсимоти саҳмияҳо байни ҷонибҳо барои он сурат гирифта, ки маблағгузории корҳои иктишофу истихроҷ комилан аз ширкати «Тетис петролиум Лимитед» аст ва эҳтимоли пайдо накардани захори нафту газ вуҷуд дорад. Вай гуфт: «Мувофиқи созишнома 100 дарсад маблағи сармогузорӣ аз мост. Мо тавакал мекунем ва агар мо мувафақ шавему инҷо маҳсулот пайдо кунем, давлати Тоҷикистон 30 дарсади маҳсулоти фташударо ба тариқи молиёт соҳиб хоҳад шуд. Вале агар мо 25 милион сармоя гузорему чизе наёбем ин бохти мо аст.»

Оқои Робсон афзуд, бо дар назардошти он ки манобеъи нафту гази Тоҷикистон дар чуқурии то 6 ҳазор метр қарор дорад, ширкаташ барои корҳои истихроҷи нафту газ дар шароити Тоҷикистон дастгоҳи пармакунандаи махсусро харидорӣ кардааст.

Садридин Файзуллоев, муовини вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон мегӯяд, ширкати «Тетис петролиум Лимитед» таҷҳизоти фаннии барои иктишоф ва истихрооҷи нафтугазро ба Точикистон ворид кардааст ва имкон дорад то авохири соли равон конҳои нафту гази ҷануби кишвар дубора эҳё шуда, тақозои навоҳии ҷануби Тоҷикистонро бо газ таъмин кунад.

Ширкати «Тетис петролиум Лимитед» баъди ширкати «Газпром»-и Русия дуюмин ширкатест, ки ба истироҷу иктишофи манобеъи нафту гази Тоҷикистон пардохта аст. Се рӯз қабл ширкати «Газпром»-и Русия барои истироҷи нафту газ бо Тоҷикистон созишнома баста буд.

Бино ба омори расмӣ Тоҷикстон беш аз се триллион метри мукааб газ ва ҳудуди 200 миллион тон нафт захира доштааст.

XS
SM
MD
LG