Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирлонд ба муъоҳидаи Аврупо райи манфӣ медиҳад


Дермот Аҳерн-вазири адлияи Ирлонд гуфтааст, натиҷаҳои райпурсӣ дар ин кишвакр нишон медиҳад, ки райдиҳандагони Ирлонд роҷеъ ба муъоҳидаи ислоҳоти Иттиҳодияи Аврупо назари манфӣ доранд. Мақомоти интихоботӣ интизори натиҷаҳои ниҳоӣ дар ин бора ҳастанд. Барои эътибор пайдо кардани ин муъоҳида бояд 27 кишвари узви иттиҳодияи Аврупо ба он рай диҳанд. Вале райи манфии Ирлонд метавонад дар оянда ба эътибори ин санад асари манфӣ гузорад. Баъд аз интишори натиҷаҳои муқаддамотии ин райпурсӣ арзиши евро дар бозор поин рафтааст.
XS
SM
MD
LG