Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳибкорони тоҷик дар Душанбе даст ба тазоҳурот заданд


Рузи ҷумъа беш аз 200 соҳибкори тоҷик дар назди бинои Кумитаи андози шаҳри Душанбе бар зидди боло бурдани қимати шаҳодатномаи иҷозаи кор ва патент даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо гуфтаанд, боло бурдани қимати шаҳодатнома сабаби боло рафтани нархи колоҳо низ хоҳад шуд. Онҳо ҳамчунин аз худсарии кормандони кумитаҳои андоз дар навоҳии пойтахт изҳори норизоятӣ карданд. Аммо мақомоти андози пойтахт даъвои тазоҳуркунандагонро беасос хонданд, вале қавл доданд, ки ба шикояти онҳо расидагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG