Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори худкушона дар шарқи Афғонистон


Имруз як бомбгузори интиҳорӣ дар шарқи Афғонистон корвони низомиёни неруҳои хориҷиро ҳадаф қарор дод. Пулиси вилояти Нангарҳор гуфтааст, дар натиҷаи инфиҷори мошини бамгузоришуда танҳо худи бамгузори ирнтиҳорӣ кушта шудааст. Ин инфиҷор дар минтақаи Борикоби Ҷалолобод-Туркхом рух додааст. Аксари нируҳои хориҷӣ, ки дар ин минтақа мустақаранд, амрикоӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол эътилофи нируҳои зери фармондеҳии Амрико дар Афғонистон гуфтаанд, онҳо дар ҷараёни амалиёте алайҳи нируҳои зиддидавлатӣ дар вилояти Пактиё чанд тундравро куштаанд.
XS
SM
MD
LG