Пайвандҳои дастрасӣ

Боздоштгоҳи ҷазираи Гуантанамо ба як рамзи бархӯрди ҳукумати Буш ба созмони «ал-Қоъида», ҷунбиши Толибон ва муттаҳиддони онҳо табдил гаштааст.

Раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба ин назар аст ки ин душманон қонунҳои банйалмилалии қабулшудаи ҷангро эҳтиром намекунанд, пас онҳо низ сазовор нестанд ки ҳуқуқи онҳо аз рӯи ҳамин қонунҳо баррасӣ шавад. Бо вуҷуди ин, Амрико кӯшиш кардааст, маҳбусонро, ки аксарашон пайрави дини Ислом ҳастанд, тибқи муқаррароти исломӣ дар боздоштгоҳ нигоҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол, ҳар як зиндонӣ бо Қуръони шариф таъмин шудааст ва ба онҳо бино ба расму оини исломӣ таъом дода мешавад. Аммо ҳамаи маҳбусин аз ҳаққи эътироз ба додгоҳҳои амрикоӣ маҳруманд ва парвандаи онҳо аз рӯи қавонини ИМА мавриди муҳокима қарор намегирад. Ҳамин тавр, додгоҳ наметавонад қарор барорад, ки оё боздошти онҳо аз рӯи қонун сурат гирифт ё хайр.

Оё ин зиндонӣ ҳуқуқӣ муроҷиъат ба додгоҳҳои ғайринизомиро дорад?
Ҳукми дирӯзаи Додгоҳи олии Амрико, бидуни шубҳа, мавриди истиқболи Ҷорҷ Буш набуд ва ӯ ноқаноъатмандии худро зимни нишасти муштаракаш бо нахуствазири Италиё Силвио Берлусконӣ чунин изҳор кард: “Мо ҳукми додгоҳро иҷро хоҳем кард. Ин маънои онро надорад, ки ман бояд бо ин ҳукм розӣ бошам. Зимни ин нишаст раъйи қозиён тақсим шуд ва ман қотеъона бо онҳо ҳамфикр ҳастам, ки зидди ин қарор овоз доданд. Мухолифати онҳо аз нигаронии амиқашон дар марвиди амнияти миллии ИМА маншаъ мегирад”.
Ин дар ҳолест, ки раиси бахши ҳуқуқӣ ва сиёсии гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар “Ҳюман Райтс Вотч” Ҷеймс Росс гуфт, ки қарори дирӯзаи додгоҳ муҳим буд, чунки ҳуқуқи боздоштшудагонро барои зери шубҳа гузоштани қонунияти боздошташон таъмин мекунад. Вай афзуд, ки ин як зарбаи умдае ба кӯшишҳои ҳукумати Буш барои нигоҳ доштани гумонбаршудагон дар давоми муҳлатҳои номуайян бидуни эъломи айбнома мебошад: “Дар ҳукми додгоҳ на танҳо омадааст, ки, бино бар қонуни асосии Амрико, ҳама боздоштшудагон ҳаққу ҳуқуқи ягона доранд, балки гуфта мешавад, ки қонунҳои “бархӯрд бо боздоштшудагон” ва “дар бораи комиссияҳои низомӣ” ҳуқуқҳои боздоштшудагонро ба таври қобили қабул таъмин намекунанд. Ин кӯшиши ҳукумат барои нақзи ҳуқуқи аслӣ буд ва додгоҳи олӣ ин кӯшишҳоро рад кард”.

Магар дигар зиндониёни Гуантанамо метавонанд чун мусалмони бритониёӣ Муаззам Бегг аз он раҳо шаванд?
Даъфаҳои гузашта низ додгоҳи олӣ ду бор ҳукм карда буд, ки боздоштшудагон ҳаққи муроҷиъат ба додгоҳҳои ғайри низомиро доранд, аммо он замон ҷонибдорони Ҷорҷ Буш дар Конгрессу Сенат аксарият доштанд ва ҳукумат тавонист қонунҳои мазкурро ба тасвиб расонда, қарори додгоҳро нодида гирад.
Рос ба родиои “Озодӣ” ҳамчунин гуфт, шубҳа дорад, ки дар айни замон ҳукумат чунин кӯшиш кунад, чун вазъ таъғир ёфтааст ва ҳоло дар ҳарду палатаи порлумони Амрико демократҳо курсиҳои бештарро соҳибанд. Аз дигар сӯ, дар пешорӯи интихобот ҳама бо маъракаҳои интихоботиаш машғул аст ва ҳеҷ кас намехоҳад ба чунин мавзӯъҳои ҳассос муроҷиъат намояд.
XS
SM
MD
LG