Пайвандҳои дастрасӣ

12 кушта дар Ғазза


Дар пайи чанд ҳамлаи ҷудогона дар Каронаи Ғарбӣ дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳафт фаластинӣ, аз ҷумла як кӯдак, дар пайи таркише кушта шуданд, ки дар манзили як бомбасози Ҳамос рӯй дод. Низомиёни исроилӣ даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунанд. Тибқи гузоришҳо, ин таркиш як тасодуф буда метавонад. Дар ҳодисаи дигар, бар асари ҳамлаи мушакӣ се ҷангии Ҳамос, ки тибқи гузоришҳо эҳтимолан дар андешаи партоби мушак аз қаламрави Ғазза ба Исроил буданд, кушта шуданд. Ва пештар аз ин, артиши исроилӣ ду марди мусаллаҳро дар наздикии як посгоҳи марзии Ғазза ба ҳалокат расониданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG