Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври охирини эътирозҳо дар Покистон


Ҳуқуқшиносони покистонӣ охирин даври эътирозҳои худро бо талаби барқарории додситонҳои аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ моҳи ноябр барканоршуда дар вазифаҳояшон доир мекунанд. Худи тазоҳургарон ин ҳамоишро як эътирози бузурге унвон кардаанд, ки аз Лоҳур сар карда то пойтахт, шаҳри Исломобод тӯл мекашад. Ҳуқуқшиносон, ки аз ҳизбҳои умдаи мухолифин намояндагӣ мекунанд, гуфтанд, ки ният доранд имрӯз дар муқобили парлумон нишаста эътирозашонро давом диҳанд.
XS
SM
MD
LG