Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Гейтс аз Покистон


Вазири дифои ИМА Роберт Гейтс аз Покистон даъват кард, ки барои таҳқиқи ҳодисаи марги 11 сарбози покистонӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии амрикоиҳо ба гурӯҳи муфаттишони амрикойӣ ҳамроҳ шаванд. Гейтс аз Покистон ба унвони шарики фавқулодда муҳими стратегии Амрико дар ҷанги зидди террор ёд кард ва аз пеш омадани ҳама гуна мушкил дар пайи ҳодисаи марги сарбозон изҳори таассуф кард. Қаблан амрикоиҳо гуфта буданд, ки ҳамлаи ҳавоии онҳо ба минтақаи марзии Покистон посухи дурусте ба ҳамлаи шӯришиён буд, ки ба марзи Покистон фирор карданд.
XS
SM
MD
LG