Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба тамрини нирӯҳои Косово меравад


Кишварҳои узви паймони низомии НАТО ба тавофуқ расиданд, ки дар тамрини 2500 нирӯҳои амниятии Косово мусоидат хоҳанд кард. Тасмими мазкур се рӯз пеш аз ба марҳилаи иҷро даромадани Қонуни асосии Косово гирифта шудааст. Дар ин бора Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви НАТО, ки дар Бруссел ҷараён дорад, чунин гуфт:

"Мо ба мувофиқа расидем, ки салоҳиятҳои нави НАТОро дар Косово ба иҷро расонем. Тибқи ин қарор, НАТО тавони кӯмак ба Косово дар роҳи бунёди сохторҳои зарурии амниятиро дар шароити демократӣ ба даст хоҳад овард"

Дар номае ба унвонии раҳбарони Косово Дабири кулли СММ Бан Ки Мун гуфтааст, ки вай ният дорад салоҳиятҳои ҳайати низомиёни СММро дар Косово тавре тағйир диҳад, ки дар ин минтақа нақши Иттиҳодияи Аврупо калидӣ шавад. Ҳарчанд Русия мегӯяд, ки ҳама гуна тағйирот дар ваколатҳои ҳайати СММ дар Косово бояд дар чаҳорчӯби Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG