Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли ду сарбози бритониёӣ дар Ҳилманд


Вазорати дифои Бритониё мегӯяд, ки дар ҷараёни як гашти маъмулии нирӯҳо дар ҷануби Афғонистон ду сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расиданд. Дар изҳороте гуфта мешавад, ки сарбозон дар наздикии қароргоҳашон дар водии Гиришки Болои вилояти Ҳилманд ҳадафи тир қарор гирифтанд. Сарбози сеюм дар натиҷаи ин ҳамла захмӣ шудааст. Аз оғози амалиёти зиддишӯришиён дар Афғонистон тирамоҳи соли 2001 дар хоки ин кишвар 102 сарбози бритониёӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG