Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳақи боздоштшудаҳои Гуантанамо барои додгоҳ


Дар ҳукми Додгоҳи олии ИМА гуфта мешавад: муттаҳамони терроризм, ки дар боздоштгоҳи амрикоии Гуантанамои Куба нигаҳдорӣ мешаванд, ҳақи дифоъ аз ҳуқуқи худро дар додгоҳҳои Амрико таҳти қонунҳои ин кишвар пайдо мекунанд. Ин сеюмин маврид аст, ки додгоҳ тарзи бархӯрди маъмурияти Ҷорҷ Буш бо боздоштшудаҳои Гуантанаморо қабул намекунад. Буш гуфт, ки вай ҳукми додгоҳро эътироф мекунад, аммо бо он розӣ шуда наметавонад. Вай гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд акнун қабули қонунҳои нав лозим мешавад, ки ҳаёти амрикоиҳоро амнтар созад. Додгоҳи олии Амрико дар гузашта ду дафъа ҳукм кардааст, ки бошандагони Гуантанамо ҳақи муроҷиат ба додгоҳҳои шаҳрвандиро барои муборизаи ҳуқуқҳои худ доранд. Баъди ин, маъмурияти Буш ва Конгреси он замон таҳти назари ҷумҳурихоҳҳо қонунҳоеро қабул карданд, ки боздоштшудаҳои Гуантанаморо барои муроҷиат ба додгоҳ иҷоза намедиҳад.

XS
SM
MD
LG