Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10,2 миллиард кӯмаки нави Амрико ба Афғонистон


Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар конфаронси байнулмилалии кишвар ва созмонҳои мададрасон дар Порис барои татбиқи як барномаи панҷсолаи мамлакаташ 50 миллиард доллар дархост кард. Вай гуфт: "Мубориза бо терроризми байнулмилалӣ таваққӯъи сиёсии минтақаиро мехоҳад, ки ба иштирок ва ҳамкории самимона асос ёфта, терроризмро хатаре ба сулҳу суботи тамоми минтақа бидонад." Президенти Фаронса Николас Саркозӣ гуфт, кишвараш ҳузури хеш дар Афғонистонро густариш хоҳад дод. Лора Буш, хонуми аввали Иёлоти Муттаҳида, аз ширкатдорони анҷуман, намояндагони беш аз 65 кишвар ва 15 созмони байнулмилал, хост, аз Афғонистон рӯй нагардонанд. Хонуми Буш мегӯяд, "Иёлоти Муттаҳида барои кӯмак ба мардуми Афғонистон ва иҷрои барномаи миллии стратегии рушд дар панҷ соли оянда 10 миллиарду дусад миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Агар конгресс ин сармоягузориро тасвиб кунад, ин иловае хоҳад буд ба 26 миллиард доллар кӯмаки башарии Амрико ба Афғонистон аз соли 2001 то имрӯз." Хонуми Буш ин давраи Афғонистонро лаҳзаи ҳалкунанда ва ояндасози Афғонистон номид. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун аз донорҳо даъват намуд, талошҳои худро дар роҳи кӯмак ба Афғонистон ҳамоҳанг кунанд ва ба давлатдории беҳтари афғонҳо пойфишорӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG