Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли афзоиши нерӯҳои Олмон дар Афғонистон


Вазири дифоъи Олмон мегӯяд, кишвараш хостори афзоиши нерӯҳои Олмон дар Афғонистон аст ва барои ин бояд маҳдудияти ирсоли то севуним ҳазор сарбоз лағв гардад. Франтс Ҷозеф Юнг гуфт, вай нақша дорад, ин пешниҳодро қабл аз таътили тобистонии порлумон ба миён гузорад, аммо нахост, аз арқому адади нав ҳадс бизанад. Юнг гуфт, нерӯҳои Олмон дар шимоли нисбатан ороми Афғонистон боқӣ хоҳанд монд. Мандати феълии нерӯҳои Олмон дар Афғонистон дар моҳи октябр ба поён мерасад ва порлумон бояд ин мӯҳлатро тамдид кунад.
XS
SM
MD
LG