Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сарвазири Ироқ ба Урдун


Сарвазири Ироқ, Нурии Ал-Моликӣ имрӯз дар як сафари расмӣ вориди Урдун шуд ва бо раҳбарони ин кишвар, аз ҷумла подшоҳ Малик Абдуллоҳ гуфтушунид хоҳад кард. Сафари ӯ як рӯз пас аз ҳодисае ба вуқӯъ мепайвандад, ки Ҷабҳаи Амали Исломӣ, бузургтарин ҳизби сиёсии Урдун, тарҳи пешниҳодии ҳукуматро ба фиристодани сафорати худ ба Бағдод рад кард. Сафорати Урдун дар Бағдод дар соли 2003 ҳадафи бомбгузории марговаре шуда буд. Сарвазири Урдун, Нодири Даҳабӣ, ки Моликиро дар фурудгоҳ пешвоз гирифт, гуфт, кишвараш аз Ироқ барои беҳбуди вазъ ҳеч кӯмакеро дареғ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG