Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқот барои ҷоизаи Саидхоҷа Урунхоҷаев


Мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони дукаратаи Меҳнати сусиёлистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаев ба итмом расид.

Ин мусобиқот тӯли ду рӯз дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд давом кард.
Ба иттилоъи сардовари ин мусобиқа Абдумаҷид Солибоев, дар рақобатҳо 180 гуштигир аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат карданд. Инчунин барои аввалин бор дар ин мусобиқаи анъанавӣ ҳайъати варзишии Иёлоти муттаҳидаи Амрико бо шумули 12 нафар иштирок дошт.
Дар рақобатҳои инфиродӣ дар риштаи гуштии озод 3 нафар паҳлавонони вилояти Суғд – Исҳоқ Мирзоев (дар вазни то 55 кг), Баҳодур Олимов (то 66 кг) ва Алӣ Шарифов (то 120 кг), 2 нафар душанбегиҳо – Комилҷон Шералиев (то 74 кг) ва Алишер Солиев (то 96 кг) – ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
Инчунин Дилшод Шукуров, аз Узбакистон, дар вазни то 60 кг ва Кайл Вандер Ҳанд, аз ИМА, дар вазни то 84 кг соҳиби медали тило гардиданд.
Дар сабқати гуштии юнониву румӣ паҳлавонони суғдӣ Муқим Шоҳмуродов (то 55 кг), Баҳруллоҳ Отамуродов (то 60 кг), Нуъмон Ризоев (то 66 кг), Шуҳрат Нуртоҷев (то 74 кг), Фирдавс Бобоҷонов (то 84 кг) ва Мурод Тӯйчиев (то 120 кг) ҷайҳои аввалро касб карданд.
Танҳо дар як вазн - то 96 кг - Ҳабибуллоҳ Абдуллоев аз Душанбе пирӯз гардид.
Баҳодур Олимов ва Мурод Тӯйчиев беҳтарин гуштигирони мусобиқаи мазкур дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG