Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри видеои зарбаи ҳавоӣ ба қаламрави Покистон


Эътилофи таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида имрӯз видеои зарбаи нуқтаии, ба гуфтаи онҳо зидди "нерӯҳои ошӯбгар"-ро баъди он ки Покистон онҳоро дар қатли 11 сарбози худ айбдор кард, намоиш доданд. Навор, ки аз ҳавопаймои бидуни халабон бардошта шудааст, ҳодисаеро нишон медиҳад, ба гуфтаи шахси паси манзара зарбаи нуқтаӣ ба гурӯҳи ҳафтнафара аст. Эътилоф мегӯяд, ошӯбгарон пас аз ҳамлаи фаромарзӣ ба дидбонҳои эътилоф дар вилояти Кунар ба минтақаҳои марзии Покистон паноҳ бурдаанд. Пештар Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз талафоти нерӯҳои покистонӣ бар асари зарбаи ҳавоии зидди ошӯбгарон дар ҳудуди Покистон изҳори таассуф карда буд.
XS
SM
MD
LG