Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Буш бо Берлусконӣ ва попи Рум


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Даблю Буш, дар идомаи сафари хайрбодияш ба Аврупо имрӯз вориди Рум, пойтахти Итолиё шуд. Вай дар ин ҷо бо сарвазири Итолиё, Силвио Берлусконӣ ва дигар раҳбарон, аз ҷумла попи Рум, Бенедикти 16 дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт. Интизор меравад Буш ва Берлусконӣ барномаи ҳастаии Эрон ва фаъолияти НАТО дар Афғонистонро баҳс хоҳанд кард. Буш аз Олмон вориди Итолиё шуд. Дар Берлин вай бо садри аъзами Олмон, Ангела Меркел гуфтушунид кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG