Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷоми даъват»-и AFC: Тоҷикистон – дар гурӯҳи «А»


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бар асоси қуръакашӣ дар сабқати ниҳоии «ChallengeCup» ё «Ҷоми даъват»-и Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC), ба гурӯҳи «A»-и ин мусобиқоти бонуфузи қорра шомил шуд.

Футболбозони тоҷик 30-вуми июл бо дастаи мунтахаби Туркманистон, 1-уми август бо тими мизбон – Ҳиндустон ва 3-вуми август бо дастаи Афғонистон бозӣ хоҳанд кард.
Ба гурӯҳи «B» дастаҳои миллии Куриёи шимолӣ, Мянмар, Непал ва Шри-Ланка дохил шуданд.
Даври ниҳоии мусобиқот аз 30-вуми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор мешавад.
Тақвими бозиҳо:
30-вуми июл. Туркманистон - Тоҷикистон, Ҳиндустон – Афғонистон.
31-уми июл. Кореяи шимолӣ – Шри-Ланка, Мянмар – Непал.
1-уми август. Тоҷикистон – Ҳиндустон, Афғонистон – Туркманистон.
2-вуми август. Шри-Ланка – Мянмар, Непал – Кореяи шимолӣ.
3-вуми август. Туркманистон – Ҳиндустон, Афғонистон – Тоҷикистон.
4-уми август: Кореяи шимолӣ – Мянмар, Непал – Шри-Ланка.
7-уми август. бозиҳои нимниҳоӣ.
10-уми август. бозии ниҳоӣ (финал).
XS
SM
MD
LG