Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози конфаронси Афғонистон дар Порис


Дар Порис, конфаронси байнулмилалии кишвар ва созмонҳои мададрасони Афғонистон ифтитоҳ ёфт. Президенти афғон, Ҳомид Карзай, қарор аст аз намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳон барои татбиқи як барномаи панҷсола 50 миллиард доллар дархост кунад. Мададрасонҳо дар навбати худ аз Афғонистон мехоҳанд, мубориза бо фасодро таҳким диҳад. Вазири умури берунаи Иёлоти Муттаҳида, Кондолиза Райс мегӯяд, Амрико ҳамчун бурузгтарин имдодрасони Афғонистон барои ду соли оянда ба ин кишвар 10 миллиард доллар ёрӣ хоҳад расонд. 90 дарсади хароҷоти Афғонистон ба кӯмакҳои беруна бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG