Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи нишасти вазирони дифои НАТО


Нишасти дурӯзаи вазирони дифои паймони низомии НАТО имрӯз дар Бруссел шурӯъ ба кор мекунад. Вазирон роҳҳои кӯмак ба тамрини 2500 воҳиди нирӯҳои амниятии Косоворо баррасӣ хоҳанд кард, ки моҳи феврал истиқлолияти худро аз ҳайати Сербистон эълон кард. Интизор меравад, ки вазири дифои Амрико Роберт Гейтс аз шариконаш дар НАТО дархости кӯмак барои тамрини ҳайати полиси Афғонистонро кунад. Ҳамчунин қарор аст дар мулоқот бо вазири дифои Русия Анатолий Сердюков дархости коҳиши шиддати танишҳо бо Гурҷистон бар сари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон карда шавад.
XS
SM
MD
LG