Пайвандҳои дастрасӣ

Сафар ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳон имконпазир шуд


Сафари нахустини хусусӣ ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳон ба соли 2011 дар назар гирифта шудааст. Дар ин бора як ширкати ҳавопаймоии Амрико (Space Adventures) хабар дода гуфт, ки дар ин замина аллакай бо оҷонсии кайҳонии русии Роскосмос тавофуқе ҳосил шудааст. Барои анҷоми парвозҳои хусусӣ ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳон киштии "Союз" сафарбар хоҳад шуд ва дар дохили он ду курсӣ ҷо хоҳад дошт. Аз ҳоло гуфта мешавад, ки яке аз муассисони ширкати интернетии Google Сергей Брин ҷаҳонгарди нахустини кайҳонӣ мешавад, ки аз Истгоҳи Байналмилалӣ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG