Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Созишномаи сулҳ имсол баста намешавад"


Салом Фаёд, нахуствазири Фаластин гуфт, ки ба эътимоди вай имсол дастёбӣ ба созишномаи сулҳ бо Исроил имконпазир нахоҳад буд. Вашингтон ҳанӯз ноябри соли гузашта дар ҳамоише бахшида ба ташкили давлати Фаластин изҳори умедворӣ карда буд, ки то анҷоми мӯҳлати президентии Ҷорҷ Буш дар моҳи январи соли 2009 Исроилу Фаластин созишномаи сулҳро ба имзо хоҳанд расонд. Аммо нахуствазири Фаластин гуфт, ки сабаби ин сохтмони шаҳракҳои исроилӣ дар Каронаи Ғарбӣ мебошад, ки монеи имзои созишномаи сулҳ дар соли ҷорӣ мешавад. Изҳороти мазкур дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзҳои истироҳат ба минтақа вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG