Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти донорҳои Афғонистон дар Порис


Имрӯз дар Пориси Фаронса нишасти донорҳои Афғонистон бо иштироки намояндаҳои баландпояи 60 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон интизор дорад, ки аз донорҳо 50 миллиард доллар кӯмак дарёфт кунад. Аз ҷониби дигар, гуфта мешавад, ки масъалаи фасоду ришват чун мушкили умдаи Афғонистон дар роҳи сарфи одилонаи маблағҳо дар ин нишаст матраҳ хоҳад шуд. Кишвари донори бузургтарини Афғонистон - ИМА аз забони вазири хориҷааш Кондолиза Райс ваъда додааст, ки дар давоми ду соли оянда ба Афғонистон дар ҳаҷми 10 миллиард доллар кӯмак хоҳад кард. 90 % масрафоти Афғонистон аз ёриҳои байналмилалӣ вобаста аст.

XS
SM
MD
LG