Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон: боздошти корманди собиқи "Озодӣ"


Мақомоти пулиси Узбакистон журналисти собиқи радиои "Озодӣ" ва ҳомии ҳуқуқи инсон Солиҷон Абдураҳмоновро ҳабс кардааст.

Дар ибтидо мақомоти Узбакистон ӯро дар нигаҳдошти ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор карданд. Полис изҳор дошт, ки дар мошини ӯ, ки барои тармим дар тармимгоҳ гузошта буд, маводи мухаддир дарёфт шудааст. Аммо дар баробари заъфи ин иттиҳом, полис ба зудӣ ба манзили ӯ ҳамла карда, компютер ва дастхатҳои ӯро мусодира намуд ва ин бор Абдураҳмоновро дар "фаъолияти зидди ҳукумат" айбдор кард.

"Ин хабари нигаронкунанда аст, ҳарчанд мутаассифам, бигӯям, ки ғайриинтзор нест," гуфт раиси Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеффрӣ Гедмин. Вай афзуд, "Узбакистон дар масъалаи озодии баён собиқаи бадтарин дар ҷаҳонро дорад. Агар раисиҷумҳур Ислом Каримов мехоҳад, обрӯи кишвари худро бозгардонад, бояд ҷурми ҷиноӣ шумурдани озодии баёнро қатъ кунад ва Абдураҳмонову наздик ба 20 журналист ва ҳомии ҳуқуқи инсонро фавран аз маҳбас озод намояд."

Абдураҳмонов то соли 2005, баста шудани дафтари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар Тошканд ба дунболи саркӯби хунини тазоҳуркунандагон дар Андиҷон, хабарнигори ин радио буд. Моҳи майи соли 2005 нерӯҳои вафодор ба президент Ислом Каримов дар Андиҷон ба мӯътаризон тир кушоданд ва 700 нафар, аз ҷумла занону кӯдаконро ба қатл расонданд. Моҳи гузашта дар савумин солгарди ин ҳаводис мақомоти Узбакистон корманди собиқи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Носир Зокировро, ки аввалин шуда аз воқеъа гузориш дода буд, ба ҳабс гирифтанд.

Абдураҳмонов зодаи Қароқалпоқистон, ҷумҳурии мухтор дар ғарби Узбакистон ва раиси бахши қароқалпоқистонии Ҷомеъаи Ҳуқуқи Инсон, созмоне дар Майамии Иёлоти Муттаҳида буда, барои Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ низ гузориш менавишт.

Дар вокуниш ба ҳабси ӯ, созмони Хабарнигорони Бидуни Марз мегӯяд, "мо ҳабси Абдураҳмоновро дар ҳоле ки мақомоти Узбакистон дар Тошканд конфаронси озодии матбуотро баргузор мекарданд, маҳкум мекунем. Ин далели дурӯягии ҳукумати Узбакистон аст, ки ба ҳабси журналистон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон идома медиҳад. Шабеҳ ба ҳодисаҳои гузашта бо иттиҳомоти марбут ба маводи мухаддир ҳукумат мехоҳад боздштшудагонро ҷинояткорони оддӣ ҷилва диҳад."

Бахши узбакии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шабонарӯз шаш соат рӯи амвоҷи кӯтоҳ ва моҳвора барнома пахш мекунад ва барномаҳои он дар сомонаи интернетии www.ozodlik.org низ нашр мешаванд.
XS
SM
MD
LG