Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Рушон 122 сохтмонро хароб кардааст



Мирзои Салимпур



Раҳбари ситодаи вазорати ҳолоти изтирории Тоҷикистон Маҳмадуллоҳ Темуров ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, дар асари ҳамлаи сел дар вилояти Бадахшон 120 манзил ва ду сохтмони мактаб хисорот дидаанд.

Мусоҳиби "Интерфакс" афзуд, ин офати табиӣ хушбахтона хисороти ҷоние ба бор наовардааст. Оқои Темуров рузи чоршанбе гуфт, ду рустои Деҳрушон ва Боҷу дар ноҳияи Рушон мувоҷеҳ ба ҳамлаи сел шудааст.

XS
SM
MD
LG