Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Тошканд якҷоя қарз мегиранд



Мирзои Салимпур



Бино ба хабаре, ки ожонсии "Интерфакс" аз намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тошканд дарёфт кардааст, Бонки Осиёии Рушд иҷрои барномаи навсозии шабакаҳои интиқоли нируи барқи Тоҷикистону Узбакистонро бо тахсиси 90 милён доллар қарзи боимтиёз сармоягузорӣ мекунад. Аз ин маблағ 70 милёнаш ба Узбакистон ва 20 милёни боқӣ ба Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Бахши марбут ба Тоҷикистони ин барнома маҷмуъан 27 милён долларро ташкил медиҳад. Ба ҷуз аз Бонки Осиёии Рушд, Бунёди ОПЕК тасмим гирифтааст, барои иҷрои ин барнома 2 милёну 400 ҳазор доллар ҷудо кунад. 4 милёну 600 ҳазор доллари боқимонда барои татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҳисоби хазинаи ширкати "Барқи Тоҷик" сарф хоҳад шуд.

Қарор аст, бар пояи ин барнома дар марзи Тоҷикистону Узбакистон таҷҳизоти замонавии муҳосибаи нируи барқ насб шуда, зеристгоҳҳо ва хаттҳои интиқоли барқ дар ҳудуди ҳар ду кишвар тармиму навсозӣ шаванд. Гуфта мешавад, бо иҷрои ин барнома, ки ҳазинаи умумиаш 175 милён доллари амрикоист, шароити харидуфуруши нируи барқ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар хоҳад шуд.

Хабаргузории "Интерфакс" мегуяд, Бонки Осиёии Рушд то кунун ба иқтисоди Узбакистон ба миқдори наздик ба 820 милён доллар ва ба Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 100 милён доллар қарзҳои боимтиёз ва кумакҳои билоиваз расонидааст. Узбакистон аз соли 1996 ва Тоҷикистон аз соли 1998 ҳамкориро бо ин ниҳоди байналмилалии молӣ оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG