Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як депутати вилояти Суғдро ҳабс карданд



Маъсум Имомов



Додситонии кулли Тоҷикистон нисбати вакили маҷлиси вакилони вилояти Суғд Содиқ Муҳаммадохунов - қумондони собиқ Фронти халқӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Бо дархости додситонӣ вакилони мардумии вилоят бо баргузории як сессияи ғайринавбатӣ дар мавриди бозпас гирифтани ваколати депутатии Содиқ Муҳаммадохунов раъйи мувофиқ додаанд.

Додситонӣ то кунун далели ифтитоҳи парванда дар қиболи Муҳаммадохуновро расман эълон накардааст. Аммо як манбаъ дар додситонии вилоятӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, уро дар таъсиси гуруҳҳои ҷиноӣ, даст доштан дар куштори одамон, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёти иқтисодӣ муттаҳам медонанд.

Содиқ Муҳаммадохунов, вакили собиқи маҷлиси вилояти Суғд, солҳои ҷанги дохилӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон фармондеҳии як гуруҳи размандагони фронти пешини халқиро бар уҳда дошт. Бо анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ вай ба вилояти Суғд куч баста дар шаҳри Чкаловск зиндагӣ мекард. Уро ҳафтае пеш боздошт карда барои ҳабси пешакӣ ба Душанбе фиристодаанд.

XS
SM
MD
LG