Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Крис Патен дар Душанбе хотима ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Иттиҳодияи Аврупо кушиш мекунад, ба муносиботи худ бо Тоҷикистон эҳтиром қойил аст ва кушиш мекунад, ҳамаҷониба дасти ин кишвари ҷангзадаро бигирад.

Кристофер Патен - раҳбари бахши умури хориҷаи Комиссияи Аврупо ба думболи дидораш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба бо ибрози ин матлаб ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт: "Иттиҳодияи Аврупо ба ҳайси ҳамшарики демократии Тоҷикистон барои татбиқу ҳимояи арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон кумак хоҳад кард. Дар роҳи амалӣ намудани барномаҳои иқтисодӣ, бахусус дар роҳи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, ки ҳукумати кишвар шуруъ кардааст, мусоидат хоҳем кард. Ба хотири бурунрафт аз мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии солҳои ноороми соли 1990-ум дар кишвар, Иттиҳодияи Аврупо аз он сол то инҷониб ҳудуди 350 миллион евро ба Тоҷикистон кумаки билоиваз кардааст."

Соли гузашта байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо як созишномаи ҳамкорӣ омода шуда буд ва ташрифи президент Эмомалӣ Раҳмонов ба қароргоҳи Иттиҳодияи Аврупо дар тобистони соли равон ва имзои ин созишнома имкон медиҳад, Комиссияи Аврупо доираи кумакҳои худро ба Тоҷикистон васеъ кунад.

Кристофер Патен гуфт, мо медонем, ки Тоҷикистон бо як қатор мушкилот ру ба ру аст ва ҳукумат мувазаф аст, ки бо риоят аз арзишҳои демократӣ мушкилоти худро ҳаллу фасл кунад ва барои раҳоии кишвар аз фақру буҳрони иқтисодӣ кушиш ба харҷ диҳад. Дар расидагӣ ба ин суол, ки вазъи сиёсии Тоҷикистонро дар остонаи интихоботи президентиву парлумонӣ чӣ гуна баҳо медиҳед, Кристофер Патен гуфт, умедворем, ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории интихоботи мунсифона ва демократӣ ва бо ширкати ҳамаи неруҳои дохилии кишвар шароитро фароҳам хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG