Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо шартҳои Тоҷикистон розӣ шудааст



Мирзои Салимпур



Генерал-полковник Владимир Проничёв, раҳбари хадамоти марзбонии Русия рузи сешанбе дар мусоҳиба бо рузномаи "Российская Газета"-и чопи Маскав гуфт, масъулияти ҳифзи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон батадриҷ ба марзбонони тоҷик гузошта мешавад.

Оқои Проничёв гуфтааст, азбаски Тоҷикистон як кишвари мустақил аст ва бо мо равобити дустона дорад, мо бар ин назарем, ки марз бояд як соҳиб дошта бошад. Ба ин далел, афзуд генерали рус, феълан масъалаи марҳала ба марҳала ба марзбонони тоҷик вогузор кардани масъулияти ҳифзи тамоми манотиқи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуда истодааст.

Владимир Проничёв гуфтааст, ду минтақаи марзии Хоруғ ва Қалъахумб то охири соли равон пурра ба ихтиёри нируҳои марзбони Тоҷикистон дода мешавад. Вай гуфт, алакай бахше аз қисматҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ дар ду минтақаи Мурғоб ва Қалъахумб таҳти назорати нируҳои Тоҷикистон қарор доранд.

Владимир Проничёв зимнан ба хатари афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон низ таъкид варзида, ба "Российская Газета" гуфтааст, дар муқоиса бо соли 2001 замини кишти кукнор дар Афғонистон 9 маротиба афзуда, феълан наздик ба 70 000 гектарро ташкил медиҳад.

Муҳтавои суҳбати генерал Проничёв бо "Российская Газета"-ро хабаргузории "Интерфакс" ба нашр додааст.

XS
SM
MD
LG