Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бебарқӣ мушкилоти мардуми Раштро афзудааст



Холиқи Сангин



Интиқоли маҳдуди барқ ба сокинони навоҳии водии Рашт зиндагии мардуми ин минтақаи дурафтодаи куҳии Тоҷикистонро бо мушкилоти фаровон ру ба ру сохтааст. Дар шумули ин мушкилот метавон аз халои иттилотии ҳоким дар минтақа ёд намуд, ки он ҳамакнун чанд сол мешавад, ки беш аз 32 ҳазор хонаводаро дар саросари водӣ дар инзивои информатсионӣ қарор додааст.

Мардум имруз дар аксар манотиқи навоҳии водии Рашт бинобар риоя нашудани режими интиқоли барқ аз суи идороти маҳаллии тақсими барқ аз имкони шунидани радиову тамошои телевизиони Тоҷикистон ва ҳамчунин Русия комилан маҳрум мондаанд. Дар ҳоли ҳозир сокинони минтақа ҳамаруза як соат субҳ ва як соат бегоҳ аз қувваи барқ истифода мебаранду халос. Рузҳои сард ва мавқеи боридани барфу борон мардум маъмулан аз соатҳои деринтизор, вале ҳисобии истифодаи неруи барқ ҳам маҳрум мемонанд.

Абдурозиқ - як нафар сокини деҳаи Кафтаргузари ноҳияи Нурообод дар ин робита мегуяд: "Мувофиқи меъёрҳои муқаррар гашта бояд ба мо ҳар бегоҳ 3 соат ва субҳ 2 соат барқ диҳанд. Вале ман ягон вақт ёд надорам, ки ҳамин графики таъйин шуда, риоят шуда бошад. Бисёр вақт мешавад, ки дар шароити куҳистони мо боду ҳаво вайрон мегардад, гузашта аз ин роҳҳо таъмир талабанд. Агар каме шамол сахттар вазад, даррав аз маркази барқдиҳӣ барқи моро қатъ менамоянд."

Абдурозиқ ҳамчунин меафзояд, ба ин далел имкони шунидани радиову тамошои телевизион вуҷуд надорад ва болои ин нашрияҳои марказӣ хеле дер ба дасти мардум мерасанд. Чунин вазъ дар ноҳия мардумро аз раванди ҳамарузаи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвар дур нигоҳ доштааст. Ба гуфти номбурда ин ҳама ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум таъсири манфӣ расонида, ҳамзамон нобовариро нисбат ба сиёсати давлат афзоиш мебахшад.

XS
SM
MD
LG