Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

МАГАТЭ ҳодиса дар Душанберо таҳқиқ мекунад



Холидаи Қодир



Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки онҳо як шаҳрванди Узбакистонро дар қаламрави Тоҷикистон бо чаҳор гарм плутониум боздошт карданд. Аваз Юлдошев сухангуи Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон гуфт, зимни кофтукови шахсе, ки гумон мерафт, қочоқбари маводи мухаддир чаҳор грамм плутониум ёфт шуд.

Дар суҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ намояндаи Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ гуфт, агарчи ин миқдори плутониум барои сохтани ягон навъи силоҳ кифоя нест, вале худи факти ба дасти қочоқбарон афтодани ин модда мавриди ташвиш аст.

Мудири бахши иртибототи бунгоҳи байналмилалии нируи ҳаставӣ Марк Гвоздеки гуфт: "Мо аз ин ҳодиса дар Тоҷикистон иттилоъ дорем ва дар ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо суҳбат мекунам, кормандони мо ин масъаларо пайгирӣ карда истодаанд. Агар ин хабар дуруст бошад, як нуктаи хеле муҳимро мехоҳам бигуям, ки ин миқдори хеле кам аст, вале сарфи назар аз он, ин аз шумули ҳодисаҳоест, ки мо ба онҳо бо ҷиддият бархурд мекунем."

Бунгоҳи Байналмилалӣ мехоҳад, ба Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдории моддаҳои радиоактивӣ ва ҳамчунин барои таҳияи як қонун дар бораи таъмини амнияти ин моддаҳо кумак кунад. Намояндаи ин ташкилот Маҳдии Суҳробӣ барои баррасии ин масъала ба Душанбе рафтааст. Дар Тоҷикистон 34 партобгоҳи радиоактивӣ вуҷуд дорад, ки аксари онҳо боқимондаи даврони шуравӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG