Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии аъзои ҲТТ идома дорад



Мирзонабии Холиқзод



Рузи душанбе, 15 март ба идомаи гуруснанишинии аъзои ҳизби ғайрирасмии "Тараққиёт" 4 руз пур шуд, вале ба қавли яке аз гуруснанишинҳо муовини раиси ҳизб Шодӣ Кенҷаев дар байн аз ҷониби вазорати адлия ва мақомоти дигари ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо таваҷуҳе зоҳир нашудааст.

Ҷумъаи ҳафтаи гузашта чаҳор тан аз аъзои Ҳизби Тараққиёт бо шумули ду донишҷу ва ду муовини раиси ҳизб ба нишони бепарвоии вазорати адлия нисбати сабти номи Ҳизби Тараққиёт ба гуруснанишинӣ шуруъ карданд. Раёсати Ҳизби Тараққиёт ҳамчунин як номаи саркушода ба унвони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов, додситонии кулл Бобоҷон Бобохонов ирсол дошта, тақозо намуд, ки дар мавриди мушкилоти сабти номи ҳизб дар вазорати адлия рушанӣ андозанд.

Муовини раиси Ҳизби Тараққиёт Шодӣ Кенҷаев мегуяд, то замоне, ки вазорати адлия ойинномаи Ҳизби Тараққиётро ба қайд нагирад, аз гурунанишинӣ даст намебардоранд: "Мо албатта аз ин мақсадамон даст кашиданӣ нестем. Баъди гуруснанишинӣ мо барои дар амал татбиқ кардани ҳуқуқи худ, ки конститутсия ба мо додааст, мо аз тамоми роҳҳову методҳое, ки конститутсия ба мо додааст, истифода мебарем. Мо ақиб намегардем ва сарқонунро риоя карда, намоишро ташкил мекунем."

Аммо вазорати адлияи Тоҷикистон дар баробари масъалаи сабти номи Ҳизби Тараққиёт хомуширо пеша кардааст. Сардори раёсати сабти номи аҳзоб ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлияи Тоҷикистон, Сулаймон Давлатов дар баробари ин суол ба таври кутоҳ чунин гуфт: "Рузи 18-уми декабр ҳуҷҷатҳояшон дохил шудагӣ аст, ҳоло мо омухта истодаем."

Аз шарҳи намояндаи вазорати адлия маълум мешавад, ки раёсати Ҳизби Тараққиёт бори дуввум моҳи декабри соли гузашта асноди худро ба вазорати адлия пешниҳод намуд. Аммо то кунун вазорати адлия сабаби таъхир дар қайди ин ҳизбро рушан намесозад. Раёсати Ҳизби Тараққиёт тасмим гирифтааст, номаи дуввум ба шаҳрдории Душанбе пешниҳод кунад ва рузи баргузории гирдиҳамоии ҷонибдорони худро дар пойтахт эълон дорад.

XS
SM
MD
LG