Пайвандҳои дастрасӣ

Машқҳои низомиёни тоҷику рус хотима ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Машқҳои низомии муштараки вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Фирқаи 201-уми Русия дар ин кишвар, ки барои се руз дар размоишгоҳи Лоҳур, 30 километрии шаҳри Душанбе идома дошт, рузи шанбе 13 март, ба поён расид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ин руз дар Лоҳур марҳилаи сеюм ва охирини машқи низомӣ анҷом дода шуд. Дар он баталиёни пиёданизоми вазорати мазкур ва сарбозони фирқаи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ширкат намуданд. Дар ҷараёни амалиёт аз зиреҳпушҳо, тупхона ва аз силоҳҳои дигар ба монанди мусалсал ва калашников истифода шудааст.

Ҳадафи аслии он ҳамоҳангсозии амалиёти неруҳо дар ҳолатҳои ҳамлаи гуруҳҳои террористӣ, гуруҳҳои тундгаро ва қочоқбарони маводи мухаддир дар шароити куҳсор будааст.

Фармондеҳони ситоди вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Фирқаи 201-уми Русия манёври мушатаракро ҳадафрас дониста натиҷаи онро дар роҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ як қадами муҳим арзёбӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, Русия ва Тоҷикистон ахиран дар ҷузъиёти масъалаи ниҳоии бунёди пойгоҳи низомии Русия дар заминаи фирқаи 201 дар ин кишвар ба мувофиқа нарасиданд.

XS
SM
MD
LG