Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фокус ба мардуми Бартанг кумак мекунад



Холиқи Сангин



"Фокус" - созмони байналмилалии ироаи кумакҳои башардустонаи амрикоӣ ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 12 март дар Душанбе ба тарҳи як тавофуқнома имзо гузоштанд. Бар асоси он, дафтари тоҷикистонии созмони амрикоии "Фокус" қарор аст, зарфи ду сол дар манотиқ ва навоҳии наздик ба кули Сарез як барномаи калонҳаҷми иҷтимоӣ-иқтисодиро ҷиҳати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хатароти эҳтимолии ношӣ аз рахна ёфтани оби кули Сарез ва бурузи сойир ҳаводису офоти табиӣ амалӣ созад.

Ҳодӣ Ҳусейнӣ - раҳбари намояндагии созмони байналмилалии "Фокус" дар Тоҷикистон зимни муаррифии барномаи нав ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳазинаи иҷрои ин барнома баробар ба 2 миллион доллари амрикоӣ буда, аз ҷониби Сандуқи байналмилалии рушди иҷтимоии Ҷопон пардохт шудааст.

Тарҳи нави созмони "Фокус" бар асоси барномаи коҳиши хатароти кули Сарез, ки тавассути давлати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ ва пуштибонии Шветсария ва Амрико иҷро мегардад, таҳия шудааст. Ҳодӣ Ҳусейнӣ дар робита ба роҳандозии барномаи нави ин созмон гуфт: "Тоҷикистон як кишвари дорои табиати зебост, вале ҳамзамон бо ин эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои фаровони табиӣ, ба хусус дар манотиқи куҳии он хеле зиёд аст. Рух додани чунин офатҳо табиист, ки ба вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии мардум таъсири манфӣ мерасонад. Бо таваҷҷуҳ ба ин барномаи мо минтақаи водии Бартангро ҳадаф қарор додааст, зеро дар баробари аз лиҳози ҷуғрофӣ бештар хатарзо будани ин минтақа, ҳамчунин имконоти иқтисодиву иҷтимоии мардуми он низ ба маротиб маҳдудтар аст."

Ҳусейнӣ афзуд, бо ин ҳадаф барномаи нави "Фокус" амалисозии як зумра иқдомотро, ки ба эътиқоди коршиносони созмони мазкур ба коҳишёбии дараҷаи камбизоатии мардум ва ҳамчунин хавфу хатари табиӣ дар ин минтақа мусоидат менамояд, ба нақша гирифтааст. Насби системаи фаврии мухобиротӣ, бо ҷалби мардуми маҳаллӣ муайян кардани ҳолатҳои эҳтимолии рух додани офатҳои табиӣ, роҳандозии барномаҳои кучаки судманди иқтисодӣ, тараққӣ додани роҳу усулҳои судбахши хоҷагидорӣ ва истифода аз имконоти мавҷудаи табиӣ аз ҷумлаи ин иқдомот аст, ки интизор меравад, дар оянда тавассути кумаки барномаи вижаи созмони "Фокус" дар манотиқи гирду атрофи кули Сарез амалӣ гардад. Ҳамчунин дар чаҳорчуби барнома таъмиру тармими ҷодаву роҳҳои водии Бартанг, ки дар шароити феълӣ ғайри қобили истифодаанд, дар назар гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG