Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ҳамла ба Мадридро маҳкум кард



Салими Аюбзод



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар як паёми сӯгворӣ ба номи подшоҳи Испания Хуан Карлоси Якум ҳамлаҳои рӯзи панҷшанберо маҳкум кард ва навишт, мардуми Тоҷикистон аз хабари ҳалокати одамони бегуноҳ дар ин амалҳои террористӣ андӯҳгин буда, бо ҳамаи онҳое ки зидди ваҳшатафканӣ мубориза мекунанд, ҳамрайъ аст.

Ноиби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов дар бораи мавқеъи Тоҷикистон дар нисбати ҳодисаи Мадрид ва ҳодисаҳои ҳамсон ба Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз ибтидои мубориза бо терроризми муқобили ин амали манфур мубориза мебарад ва дар қитъае, ки амали терористӣ ба вуқуъ мепайвандад, ҳукумати Тоҷикистон қатъан онро маҳкум мекунад. Ва ҳамеша онро иброз мекунад, ки ҳамаи кишварҳои дунё бояд тавъат ва якҷоя зидди он мубориза баранд."

XS
SM
MD
LG