Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Лоҳутӣ дар рузи матбуот тақдим шуд



Мирзонабии Холиқзод



Аҳли қалами тоҷик, рузноманигорон ва хабарнигорон рузи 11 март рузи миллии матбуоти кишварро бо анҷоми як нишаст дар қасри ба номи Садриддини Айнӣ истиқбол карданд.

Ду хабарнигори тоҷик - Ҳуриннисо Алиева барои нашри мақолаҳояш дар бораи хушунати зан дар саҳифаҳои рузномаи "Садои Мардум" ва Бобоҷон Икромов ҳамчун сардабири ҳафтаномаи "Вароруд", чопи Хуҷанд барои нашри мақолаҳо ва навиштаҳо роҷеъ ба мавзуъҳои мубрами руз - барандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ шуданд.

Дар нишасти мазкур муовини нахуствазири Тоҷикистон Хайриниссо Мавлонова номаи табрикии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро ба рузноманигорон ироа намуд ва гуфт, ҳукумати кишвар ҷонибдори озодии баён буда, гуногунандешӣ дар саҳифаҳои матбуотро пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, тавсиъаи сафи нашрияҳои озод дар кишвар баёнгари ин аст, ки Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ эҳтиром мегузорад.

Аммо устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Пайванди Гулмурод гуфт, то ҳануз як матбуоте ба унвони матбуоти озод дар ин кишвар ташаккул наёфтааст. Бино ба иттилои раёсати матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, теъдоди сабти рузномаҳо нисбати солҳои пешин афзудааст. Дар ҳоли ҳозир 284 рузномаву маҷаллаҳои соҳавӣ, мустақил ва ҳизбӣ ба нашр расида, бар иловаи 6 оҷонсии хабарӣ фаъолият доранд.

Рузноманигорони тоҷик дар як соли ахир падидаи тоза дар матбуоти Тоҷикистонро ба саҳна омадани ҳафтаномаи "Неруи сухан" ва "Рузи нав" меҳисобанд. Илова ба ин, ба қавли рузноманигорон, дар саҳифаҳои матбуот ба нашр расидани мақолаҳо роҷеъ ба масоили муҳими руз ва нашри навиштаҳое, ки иштибоҳҳои ҳукумат ва мансбадорони ҳукуматро кушоду рушан баён медоранд, қадамҳои ҷиддие дар роҳи пешрафти матбуоти тоҷик медонанд.

Аслан хонандагон ҳафтаномаи "Рузи нав", "Неруи Сухан","Тоҷикистон" ва "Сипеҳр"-ро аз зумраи нашрияҳои ҷиддӣ ва боҷасорат медонанд. Ҳузури ин нашрияҳо шумораи хонандагони тоҷикзабонро афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG