Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун дар бораи тендер қабул шуд



Раҳматкарими Давлат



Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи рузи чаҳоршанбеи худ Қонун дар бораи тендерро дар Тоҷикистон қабул кард. Қонуни тендери Тоҷикистон тарзи баргузории тендер, назорат бар он ва заминаҳои қонунии баргузории тендерро танзим мекунад. Юсуфҷон Аҳмадов - раиси кумитаи энергетика, саноат ва сохтмони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар шарҳи аҳамияти ин қонун барои Тоҷикистон гуфт, яке аз махсусиятҳои он фароҳам кардани шароит барои ширкати корхонаҳои дохилӣ дар тендер ва ширкати онҳо дар иҷрои барномаҳои тендерист. Тибқи ин қонун ҳар корхона акнун новобаста аз ҳукумат имкон дорад, барои иҷрои барномаҳои худ тендер эълон кунад.

То ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон қонуни дар бораи тендер вуҷуд надошт ва тендерҳо бар асоси низомнома баргузор мешуданд. Ва корхонаҳои дохилӣ аксаран дар ин тендерҳо баранда намешуданд. Ба гунаи мисол дар барои иҷрои барномаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар минтағаи Шикев-Зиғар, тармими роҳи Душанбе-Қурғонтеппа ширкатҳои туркӣ ва итолиёвӣ баранда шудаанд. Инчунин барои идомаи сохтмони тунели Анзоб тендер эълон шуд, аммо ба ҷониби Эрон, ки малбағи сохтмонро пардохт кардааст, дар ин озмун бартарӣ дода шуд. Акнун бар асоси талаботи қонуни тендер дар сурати баробарии имконоти корхонаҳои дохилӣ ва хориҷии ширкаткунанда дар тендер афзалият ба корхонаҳои дохилӣ дода мешавад. Ин қонун дар хониши дуввум қабул мешавад. Қабули ин қонун дар мавриди аввал аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рад шуда буд. Акнун бо мувофиқати пешниҳодоти аъзои Маҷлиси Миллӣ ин қонун қабул шуда ва намояндагони Маҷлиси Намояндагон бовар доранд, ки Маҷлиси Миллӣ дигар ба он мухолифат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG